Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, бар асари беморие, ки дошт, имрӯз, дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум 74 сол дошт ва чанд вақти охир аз бемории сактаи дил ранҷ мекашид.

Ӯ ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, буд. Наздикони дӯстони ин хонавода бо нашри изҳори тасаллият аз Ҷунайд Ибодов шахсияти нек ва ҳуқуқшиноси варзида ёдовар шудаанд.

Ҷунайд Ибодов бо он машҳур буд, ки дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард.

Ҳоло гуфта мешавад, ки сабаби даргузашти марҳум сактаи қалб аст.

Ҷанозаи Ибодов, имрӯз, соати 17:30, дар масҷиди марказии деҳаи Сангтудаи ҷамоати Сангтудаи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз вафоти ҳуқуқшиноси саршинос Ҷунайд Ибодов андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь