Санъати овозхонии Осиёи Миёна талафоти бузург дид. Ҳунарпешаи халқии Узбекистону Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев рӯзи 4-уми сентябр дар синни 77-солагӣ даргузашт. Гуфта мешавад, ки овозхон як соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид

Овозхон, навозанда, шоир, оҳангсоз Шералӣ Ҷӯраев 12-уми апрели соли 1947 дар вилояти Андиҷон таваллуд шудааст.

Соли 1987 унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Ӯзбекистонро гирифт. Соли 2018 ба Шералӣ Ҷӯраев унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дода шуд.

Шералӣ Ҷӯраев Донишкадаи театрӣ ва рассомии Тошканд ва баъдан Донишкадаи давлатии санъати Тошканд ба номи Маннон Уйғурро хатм кардааст.

Лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Навоӣ (1991), соли 2018 бо ордени «Фидокорони хизматлари учун» мукофотонида шудааст.

12 апрели соли 2022 тибқи фармони раисиҷумҳур Шералӣ Ҷӯраев дар рӯзи 75-солагии зодрӯзаш бо ордени «Эл-юрт хурматӣ» сарфароз гардонида шуд.

Шумораи таронаҳои иҷрокардаи ӯ аз 600 гузаштааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь