Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сиерра-Леоне муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хабар гуфта мешавад, ки 2-юми октябр дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштараки барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар СММ Алӣ Кабба имзо карданд.

Ҷумҳурии Сиерра-Леоне давлатест дар Африқои Ғарбӣ, дар соҳили Атлантика. Он бо Гвинея ва Либерия марзи муштарак дорад. Масоҳаташ 72 ҳазор км² аст. Пойтахт шаҳри Фритаун аст.

Вақте 27 апрели соли 1961 Сиерра-Леоне истиқлол ба даст овард, қудратҳои қонунгузорӣ ва иҷроия дар кишвар дар дасти парламент ва кабинет буданд ва монархияи Бритониё, ки аз ҷониби генерал-губернатор намояндагӣ мекард, сарвари номиналии давлат ҳисобида мешуд. Пас аз ислоҳи конститутсионӣ дар соли 1971, Сиерра-Леоне ҷумҳурӣ эълон карда шуд ва қудрати иҷроия ба президент вогузор гардид.

Дар соли 2000, Тони Блэр (сарвазири вақти Бритониё) 1500 сарбози бритониёиро ба Сиерра-Леоне фиристод, то пойтахт Фритаунро аз артиши шӯришгарони Фронти Муттаҳидаи Инқилобӣ дифоъ кунанд. 30 майи соли 2007 Тони Блэр ботантана пешвои олии Сиерра-Леоне эълон шуд. Унвони нав расман ба Тони Блэр ҳуқуқ медиҳад, ки дар парлумони Сиерра-Леоне нишинад. Тавре рӯзномаи The Daily Telegraph хабар медиҳад, мақомоти кишвар нақши ӯро дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ муҳим медонанд.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Пешниход: Шамсулло Фозилов ба сифати хабарнигори махсуси “Фараж” ба Сиерра-Леоне фиристода шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь