Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошти муассиси ҶДДМ «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаевро шарҳ дод. Дар ин шарҳ гуфта мешавад, ки директори ҶДММ «Умед-88» Идибиег Ибрагимов низ дастгир шудааст.

Агентӣ хабар дод, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии Роғун” аз 06.04 соли 2015, байни ҶСК “НБО Роғун” ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Умед-88” ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15.05 соли 2015 ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171.000.000 сомонӣ ба муҳлати то 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст.

Директори ҶДММ “Умед-88” Ибрагимов Идибег Ҷаборович тибқи маслиҳати пешакӣ бо муассиси воқеии ҳамин ҷамъият Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович ва дигар шахсони масъул амал намуда, қасдан ва бо мақсади ғараз, яъне баҳри ба манфиати ҶДММ “Умед-88” ба даст овардани фоидаи муфт, қарзи мақсадноки давлатиро ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ гирифта, аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сӯиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ “Амонатбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маблағи 74294004,1 сомониро тасарруф намудаанд.

Ғайр аз ин, тафтишот муайян намудааст, ки масъулини ҶДММ “Умед 88” боз аз дигар бонкҳои ҷумҳурӣ маблағҳои қарзӣ ба миқдори махсусан калон гирифтаанд ва айни ҳол қарзи ҷамъият дар назди БДА «Амонатбонк» ва ҶСК “Агроинвестбонк” маблағи умумии 26 млн. сомонӣ ва 4,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович, Ибрагимов Идибек Ҷаборович ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 264 қисми 2 ва 295 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни ҳол дар тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь