Дар бозору фурӯшгоҳи шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ҳоло нархи як килограм қулфинай (клубник) 10 то 15 сомонӣ арзиш дорад.

Сардори  Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур гуфт, ки майдони кишти ин буттамева васеъ карда шудааст ва танҳо дар ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар майдони 400 гектар  қулфинай кишт шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамарӯза дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят  беш аз панҷ тонна  қулфинай ҷамъовраӣ мешавад, ки 80 то 90 дарсади он аз  ноҳияи Вахш  аст.

Сокинони вилоят зимни сӯҳбат гуфтанд, ки бо вуҷуди зиёд будани қулфинай ҳоло нархи як килограми он 10 то 15 сомонӣ арзиш дорад, ки гарон ба назар мерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь