Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар кишвар 357,000 доллари ИМА ҷудо кард.

Ин саҳм то моҳи феврали соли 2023 барои харидори намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва лӯбиёгӣ барои 68,000 хонанда ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон сарф шудааст. Афзалият ба мактабҳое дода шуд, ки кӯдакони гурезаҳои афғон ва кӯдакони тоҷик аз ҷамоатҳои аз ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ ноамн, таҳсил менамоянд.

«Ҳукумати Ҷопон солҳои зиёд яке аз шарикони муҳими БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад,» – гуфт Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам. «Мо аз дастгирии доимии Ҷопон бениҳоят миннатдорем, зеро ҷомеаҳо, аз ҷумла гурезаҳои афғон, барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ ва эҷоди устуворӣ ба кӯмаки мо эҳтиёҷ доранд».

Зиёда аз 20 сол аст, ки БОҶ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ кӯдакони тоҷикро бо ғизои солим ва серғизо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 450,000 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳудуди 2,000 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамарӯза бо хӯрок ва нони гарм таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь