Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон қарзи барқ 14 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарз 1 миллиону 352 ҳазораш қарзи ташкилоту идораҳои буҷетӣ мебошад ва дар дар ин қатор худи МИМҲД-и ноҳияи Ҷайҳун низ 22 ҳазор сомонӣ қарз дорад.

Сафархон Ғуловмов, як масъули шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки ҳамчунин қарзи аҳолӣ аз барқ 3,6 миллион сомонӣ ва Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  3 миллиону 673 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз зимни нишасти хабариаш  қарздории ташкилоту идораҳои буҷетиро дар назди шабакаҳои барқи ноҳия тасдиқ карда, гуфт, дар ин масъала чораҷӯӣ мекунанд, аз ҳисоби буҷети маҳал маблағгузорӣ мешавад ва то охири сол ягон дирам қарз боқӣ нахоҳад монд.

Аммо баъзе аз роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия дар суҳбат гуфтанд, ки он хароҷоте, ки барои барқи муассисаҳои худ пешниҳод мекунанд, пурра маблағгузорӣ карда намешавад ва аз ин ҳисоб ҳар сол қарзи барқ афзоиш меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь