Рафаэл Алвес, размикори бразиӣ, рақиби аввалини Нурулло Алиев дар UFC Fight Night интихоб шуд. Дар ин бора сомонаи MMA JUNKIE хабар додааст. Ба инттилои манбаъ, ин муҳориба 26 феврали соли 2023 дар шаҳри Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад.
Нурулло Алиев, размикори 23-сола, аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки имкони дар UFC ҳунарнамоӣ карданро пайдо намуд. Ӯ моҳи сентябр, баъди ғалаба бар варзишгари амрикоӣ Ҷош Вик, дар мусобиқаи Dana Whits Contender Series, бо ташкилоти UFC, барои баргузории чаҳор рақобат қарордод ба имзо расонд. Дар сурати ду ғалаба ӯ имкон дорад, барои чаҳор рақобати дигар шартнома бандад.
Нурулло, то ин дам, 7 муҳориба гузаронида, дар ҳамаи онҳо пирӯзӣ ба даст овардааст. Ӯ соли 2000 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ҷоизадор ва унвондори мусобиқаҳои байналмилалии зерин мебошад: EFC, AMC Fight Global ва Samara MMA Federation. Нурулло миёни ҳаводорони ин навъи варзиш бо тахалусси “уқоби тоҷик” машҳур аст.
Рафаэл Алвес, варзишгари 32-солаи бразилӣ 30 муҳориба гузаронида, 20 ғалаба ва 11 бохтро дар корномаи варзишиаш сабт намудааст. Алвес қаҳрамони мусобиқаи Titan FC, миёни размандагон мебошад. Ин варзишгар аввалин рақобати худро дар UFC соли 2021 муқобили намояндаи қазоқ Дамир Исмагулов гузаронида, мағлуб шудааст.
Давлати Абдулло