Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 2 ҳазору 361 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 591 ҳолат зиёд аст.

Аз шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон ба “Фараж” гуфтанд, ки аз шумораи оилаҳои пошхӯрда 1 ҳазору 860 ҳолати он бо қарори суд, 499 оила бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоштанд ва 2 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудаст.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки баъди аз ҳам ҷудо шудани 2 ҳазору 361 оила дар вилоят 2 ҳазору 516 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, аз онҳо 104 кӯдак дар тарбияи падар ва боқӣ дар тарбияи модарон мондаанд.

– Дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Балхӣ, Кӯшониён, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Бохтар, Панҷ, Шаҳритус, Левакант, Носири Хусрав, Муъминобод, Восеъ, Кӯлоб, Хуросон,Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Темурмалик ҷудошавии оилаҳо аз 1 то 75 ҳолатӣ афзоиш ёфтааст, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Норак ва Данғара пошхӯрии оилаҳо кам гардида, дар ноҳияи Вахш чун пештара муътадил аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь