Панҷ ҷудокори тоҷик дар Гранд Слами Анталияи Туркия иштирок мекунанд. Мусобиқа фардо оғоз шуда, то 2 апрел идома меёбад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон варзишгарони зеринро ба мусобиқа сафарбар намуд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг)
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) 602 ҷудокор (339 мард ва 263 зан) аз 85 кишвари олам дар ин мусобиқа иштирок менамоянд.
Рақобатҳо дар ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибони зинаи аввал 5000 евро, ҷои дуюм 3000 евро ва мақомдорони зинаи сеюм соҳиби 1500 евро мешаванд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг (бонувон) ва -60кг, -66кг (мардон) баргузор мешавад. Ҳамчунин, 1-уми апрел бонувон дар вазнҳои -63кг, -70кг ва мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг ҳунарнамоӣ мекунанд. Рӯзи сеюми мусобиқа бо ҳунарнамоии бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг ва мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ба анҷом мерасад.
Давлат Абдулло