Навори латукӯби як писарбачаи хурдсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди корбаронро ба бор овард.

Милитсияи Хатлон хабар медиҳад, ки 3-юми сентябри соли 2023 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане писарбачаи хурдсолро латукӯб мекунад. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Буриева Гузалхон Собировна, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён мебошад, ки фарзандхондаш Мамараҳимов Иброҳим Илҳомҷонович, соли таваллудаш 2013-ро озор додааст. Вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь