Солҳои тӯлонӣ мардуми ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон  аз надоштани боғи фарҳангию фароғати танқисӣ мекашиданд. Орзуи чандсолаи мардуми ин ноҳия дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар амалӣ хоҳад шуд.

Раиси ноҳияи мазкур Сабурзода Мирзодавлат ба “Фараж” гуфт, боғ дар маркази  ноҳия дар масоҳати 6,50 гектар  аз ҷониби як соҳибкор бунёд мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён барои бунёди боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо соҳибкори маҳаллӣ шартномаи дуҷонибаи 20-сола ба имзо расонидааст ва он рӯз дур нест, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Қубодиён дар як боғи зебою назаррабо истироҳату фароғат намоянд, гуфт Сабурзода.

Дар боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳияи Қубодиён амфитеатр, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ва гулгашту фаввораҳои муосир бунёд мешаванд.

Ба иттилои ӯ, арзиши умумии иншооти мавриди назар як миллион доллари америкоиро дар бар гирифта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь