Аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 170 тонна зардолу ва 25 тонна сирпиёз ба хориҷи кишвар содирот карда шуда, ҳоло 2 ҳазор тонна маҳсулоти дигар омодаи содирот аст.
Аз МИҲД-и ноҳияи Қубодиён ба “Фараж” хабар доданд, ки ин намуди маҳсулот ба кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон содирот шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша бояд имсол аз ноҳияи Қубодиён 5 ҳазору 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шавад.
Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳияи мазкур дар кишту парвариши ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой доранд ва ҳамасола талош мекунанд, ки майдони киштро зиёд карда, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тозаи кишоварзӣ ба хориҷи кишвар низ сидирот кунанд.
Блоки рекламавӣ