Зарар​ аз сӯхтори бозори “Қубод”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки рӯзи 29-уми июни соли ҷорӣ​ рух дода​ буд ва садҳо  тоҷир зиён дида буданд,​ 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд.​ Дар ин бора раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

​- Дар ин сӯхтор​ 68 дӯкон аз Ҷамъияти​ Тоҷикматлубот ва беш аз​ 200 соҳибкори инфиродӣ зарар дида буданд,- афзуд ӯ.

“Ҳоло ҳам омили сар задани сӯхтор маълум нест. Мақомоти дахлдор сабаби сар задани сӯхторро муайян  мекунанд”,​ – илова кард раис.

Иттилоъ дода шуд,  ҳамаи​ соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозор зарар дида буданд, барои фуруши молу маҳсулоташон бо ҷойҳои нав таъмин карда шуданд. Ҳоло сохтмони бозор бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь