Аз 14 нафаре, ки бар асари таркиши нуқтаи сузишворӣ дар ноҳияи Қубодиён рузи 21 феврали соли ҷорӣ захмӣ шуда буданд, як нафар дар Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Қубодиён аз олам даргузашт. Дар ин бора як манбаъ аз ноҳияи Қубодиён ба “Фараж” хабар дод.

Гуфта шуд, ки ҳоло вазъи саломатии 2 тани дигар вазнин буда, 7 нафар рухсат шудаанд.

Бояд гуфт, ки дирӯз дар маркази ноҳияи Қубодиён дар нуқтаи сузишворӣ таркиш ба амал омада, дар натиҷа сӯхтор шуд, ки дар ин ҳодиса 14 нафар захмӣ шуда, 7 воситаи нақлиёт пурра ба коми оташ рафтанд.

Сабаби сар задани сухтор ва хисороти он ҳоло аниқ нест. Комисияи махсус дар пайи санҷишу тафтиши ҳодиса аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь