Дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони ду муассисаи томактабӣ барои 350 кӯдак идома дорад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Мирзоев ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ба хотири ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ айни замон дар деҳаи Камароби  ҷамоати деҳоти Ултақара Назарови ноҳия сохтмони муассисаи сеошёнаи томактабӣ барои 150 кӯдак бо харҷи 11000000 сомонӣ идома дошта, дар арфаи ҷашни истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳамчунин  дар ҷамоати деҳоти  Тахти Сангин  сохтмони як муассисаи томактабии дигар барои 200 кӯдак оғоз гардидааст.

Қайд гардид, ки ҳоло дар ноҳия 5 кӯдакистон бо фарогирии 597 кӯдак  ва дар  57 маркази инкишоф 4828 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд ва баъди ба истифода додани ин ду муассиса ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бештар хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь