Як ҳайат аз ҳукумати Туркманистон бо сарварии Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба сафари ҳаҷ рафтанд, ки дар байни онҳон набераи пешвои туркманҳо низ ҳаст. Дар ин бора нашрияи “Туркманистон. Асри тиллоӣ» хабар медиҳад.

«Бо фармони Президенти Туркманистон ба аъзои ҳайати кишвари мо бо сардории пешвои миллии халқи туркман, раиси Маҷлиси халқӣ, пири фахрии Туркманистон Ҳоҷӣ Аркадоғ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иҷозат дода шуд, ки ба Макка сафар ва 29-30 июни соли 2023 маросими ҳаҷро адо кунанд», – омадааст дар хабар.

Тавре нашрияи «Хроника Туркменистана» хабар медиҳад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар зодрӯзи худ ва дар рӯзи ифтитоҳи шаҳри Аркадоғ дар Арабистони Саудӣ қарор дошт. Дар ин бора рӯзи 28-уми июн, замоне маълум шуд, ки президенти собиқ сеюмин ҷаласаи шӯрои пирон дар бунёди хайрияи кумак ба кӯдакони ниёзманди парасториро баргузор кард.

Дар мачлис масъалаи тайёрй ба сафари хайати вакилони Шурои кухансолон ба Макка мухокима карда шуд. Дар чаҳорчӯби ин сафар зиёрат, ширкат дар намози ҷумъа ва садақа дар назар буд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи майи соли 2016 нахустин сафари ҳаҷи умраро анҷом додааст. Моҳи июни соли 2022 президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ҳамроҳи писараш Керимгулӣ барои адои умра (ҳаҷҷи хурд) ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь