Сафири Туркия Умут Аҷар 15-уми январ дар нишасти матбуотӣ перомуни сафари вазири корҳои хориҷаи Туркия Ҳоқон Фидон ба Тоҷикистон тафсилот дод. Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари вазири корҳои хориҷа дар баробари масоили равобити дуҷониба, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва амниятӣ баррасӣ гардиданд.

Вазири корҳои хориҷаи Туркия изҳор доштааст, ки баъди ба Туркия баргаштан масъалаи маблағгузорӣ ва кушодани бонки туркиро дар Тоҷикистон ба мақомоти марбутаи Туркия хоҳад расонид. Ҳамчунин, дар нақша аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Туркия дар самти иқтисод ба 1 000 000 000 (як миллиард) доллар расонида шавад.

Инчунин, аз қувват бахшидан ба фаъолияти ТИКА низ изҳори назар кард ва қайд намуд, ки ТИКА дар тӯли фаъолияти чандинсолааш дар Тоҷикистон садҳо лоиҳаро ба маблағи беш аз 30 миллион доллар амалӣ карда, дар рушди иҷтимоии Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

Ҳамчунин, масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷик дар Туркия мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Ҳар сол аз рӯйи барномаи квотаҳои давлатии Туркия садҳо нафар донишгоҳҳои Туркияро хатм мекунанд ва ин яке аз фарогиртарин барномаҳои бурсиявӣ дар дунёст.

Умут Аҷар қайд кард, ки дар наздиктарин фурсат парвозҳои Сомон Эйр аз Туркия ба Хуҷанд мустақиман ба роҳ монда мешаванд ва агар аз ҷониби мардум барои ба роҳ мондани хатсайрҳо ба шаҳрҳои машҳури Туркия дархост зиёд шавад, парвозҳои мустақим ба шаҳрҳои алоҳидаи Туркия ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки соли ҷорӣ Президенти Туркия ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сафорати Туркия ҳар шаш моҳ назди рӯзноманигорон аз фаъолияти сафорат ва имконоте, ки Туркия дар Тоҷикистон фароҳам овардааст, ҳисобот медиҳад. Ҳамчунин, сафорат ҳамасола барои рӯзноманигорон курсҳои махсусро амалӣ мегардонад, ки дар доираи он намояндагони ВАО ба мавзеъҳои гуногуни Туркия сафар мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь