Доналд Трамп афви Ҳантер Байден, писари раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байденро “сӯистифода ва нақзи адолат” номид. “Ин хатои ҷиддии адолат аст, – гуфт Трамп, -Байден писарашро афв кард, гарчанде ӯ маҳкум шуда буд”.

Аъзои конгресс Марҷорӣ Тейлор Грин ин мавқеъгирии Трампро дастгирӣ кард. Вай аз қонуншиканиҳои Ҳантер Байден, аз ҷумла нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва қочоқи занон ёдовар шуд ва ҳамчунин раисиҷумҳурро муттаҳам кард, ки мехост писарони Трампро ба зиндон фиристад, аммо акнун писари худро озод кардааст.

Ҷо Байден Ҳантерро бо ду иттиҳоми ҷиноӣ афв кард, ки ин нигоҳ доштани силоҳ ва саркашӣ аз андоз аст. Хантер дар ҳарду ҳолат ба гуноҳаш иқрор шуд. Раисиҷумҳури ИМА қайд кард, ки ба додгоҳӣ шудани писараш робитаҳои хешутаборӣ ва фишорҳои сиёсии онҳо сабаб шудааст. Байден қаблан ваъда дода буд, ки ба кори писараш дахолат намекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь