Ин мулоқот дар арафаи соли нави мелодии 2022 сурат гирифт. Баргузории мулоқоти мазкур ба он далел будааст, ки вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев раёсати Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро низ бар дӯш дорад. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Шавкат Ҳамроев дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳусни тафоҳум ба вуқӯъ пайваст. Ҳарду дар баробари масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои ҳасанаи миёни ин ду кишвари ҳамҷавор зимнан оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа низ изҳори назар намуданд.

Маълум аст, ки Осиёи Марказӣ сол аз сол ба камбуди об мувоҷеҳ мегардад ва ин ба тағйири иқлим, аз ҳад зиёд гармшавии обу ҳаво, инчунин ба доман фарох намудани майдонҳои обёришавандаи кишварҳои минтақа низ бастагӣ дорад.

-Аз ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими дӯстиву рафоқати Тоҷикистону Ӯзбекистон мардумони оддии мо хеле манфиатдор ҳастанд. Осону содашавии убури марзи миёни ду кишвар ва ба дидори ҳамдигар расидани хешу табор, дӯстон ва ёрони қарин маҳз бар асоси иродаи сиёсии раҳбарони ду давлати ҳамҷавор имконпазир гардид. Мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду бор расман ташриф оварданд ва сарвари давлати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо ду ташрифи худ ба Ӯзбекистон фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои доманфарохро беш аз пеш таҳким бахшиданд,-гуфтааст Абдуҷаббор Раҳмонзода.

-Мо ҳамеша бо сафорати Тоҷикистон аз наздик ҳамкорӣ хоҳем кард. Тибқи низомномаи Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳандозии мулоқотҳо бо сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, инчунин Марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии ӯзбекони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими дӯстиву рафоқати байни ду кишвар ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳад кард,-изҳор намудааст раиси Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шавкат Ҳамроев.

Қобил ба ёдоварист, ки Ҷамъият дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 1 ноябри соли 2019 нахустин ҷамъомади таъсиси худро баргузор намудааст ва 4 сентябри ҳамон сол дар Вазорати адлияи Ӯзбекистон сабти ном шудааст. Раиси ҷамъият Шавкат Гуфта мешавад, дар ин муддати арзи вуҷуд намудани худ ҷамъияти мазкур чандин чорабиниҳо баргузор намудааст.

Интизор меравад, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ҷамъият дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар иди Наврӯзи оянда ҷашнвораҳои наврӯзии фарҳангиро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here