Дар идомаи ин конфронс баъди суханронии  Шавкат Мирзиёев паёми видеоии дабири кулли СММ Антонио Гутерриш пахш карда шуд. Вай аз ин иқдоми ҷониби Ӯзбекистон дар баргузории конфронс ибрози қаноатмандӣ кард ва ба он муваффақият хост.

Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ зимни суханронӣ изҳор кард, ки ИМА активҳои зиёди худро дар ин кишвар ба мерос гузоштаанд, то ки мавриди истифода қарор диҳанд. Ба гуфтаи Ашраф Ғанӣ маблағи умумии он ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил мекунад ва дар майдони ҳавоии Багром ин муҳимот мавҷуданд.

– Мо аз пешниҳодҳои Шавкат Мирзиёев дар мавриди ҳалли бӯҳрони Афғонистон пуштибонӣ мекунем. Умедворем, ки Афғонистони нав бунёд мегардад, – гуфт Ғанӣ.

Вай перомуни пандемӣ ва таҳдиди он барои ҳаёти мардуми Афғонистон тавақуф кард. Баъд илова кард, ки аз Покистон ҷиҳодгарони зиёд ба кишвараш фиристода мешаванд.

– Мо бо толибон музокирот мекунем, аммо ба онҳо ҷои худро холӣ карда намедиҳем. Мардум ва ҳукумат аз мо пуштибонӣ мекунад, – тазаккур дод Ашраф Ғанӣ. – Мо ҳамаи мушкилотро бо истифода аз кумакҳо оҳиста ҳаллу фасл хоҳем кард. Аз толибон даъват мекунем, ки аз таҳдид худдорӣ кунанд ва масаъалаҳоро бо ҳам ҳал кунем. Мо барои барқарор кардани фазои солиму боамн талош мекунем, – иброз дошт сарвари давлати Афғонистон.

Вай илова кард, ки кишвараш  бо ҳамсояҳо ҳамкориҳояшро тавсеа мебахшад. Ба гуфтаи ӯ бидуни пуштибонии Афғонистон таъмин  кардани субот имконнонопазир аст. Вай таъкид варзид, ки ҷанг дар Афғонистон ҳамаро ба таҳдиду нигаронӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

– Покистон низ дар ин самт бояд ба мо ҳамкорӣ кунад, – гуфт Ашраф Ғанӣ.

Нахуствазири Покистон Имрон Хон гуфт, ки ин конфронс хеле саривақтӣ аҳамияти муҳимро касб хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ эҳёи роҳи бузурги абрешим барои интиқоли мавод ва тавсеаи тиҷорат хеле зарур аст.

– Гузаштаҳои мо аз ин роҳ истифода кардаанд. Асри 21 асри ҳамкориҳост. Долони нақлиётӣ барои ҳамоиши иқтисодӣ мусоидат менамояд,-гуфт ӯ.

-Ба гуфтаҳои Ашраф Ғанӣ баъзе эътирозҳо дорам. Мо аз вазъияти Афғонистон бештар зарар мебинем. Мо барои барқарори сулҳ дар Афғонистон ҳамеша талош мекунем. Мо зидди даргириҳо ҳастем ва аз музокирот барои сулҳ низ комилан ҷонибдорӣ мекунем, – гуфт Имрон Хон. – Ман аз Кобул боздид кардаам ва мехоҳам дар ин кишвар сулҳ ҳукмрон бошад, аммо 20 соли охир ҷанг шиддат гирифтааст, – афзуд вай

Вай суол кард, ки чаро толибон ба компромисс намеоянд.

– Мо инро бо Шавкат Мирзиёев баррасӣ қардем, ки чи тавр дар барқарории суботи Афғонистон ҳамкорӣ кунем. 3 миллион гурезаҳои Афғонистон дар Покистон дар Покистон паноҳ мебаранд, – изҳор кард Имрон Хон. – Чандон имкони пазируфтани паноҳандагонро надорем.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддан Мӯҳриддин қабл аз ҳама аз Шавкат Мирзиёев барои таъсиси ин конфронс ибрози миннатдорӣ кард.

– Дарвоқеъ, ҷонибдории СММ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бори дигар собит менамояд, ки баргузории ин конфронс дар наздикшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои доманфарох хеле муҳим мебошад. Тоҷикистон як узви минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳалли мушкилоте, ки бар асари пахши пандемӣ ба миён омадааст, маҳз тавассути ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ осон мегардад, – гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вай афзуд, ки дар панҷ соли охир ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо беш аз пеш густариш меёбанд. Динамизми иқтисодӣ яке аз ҷанбаъҳои характерноки он маҳсуб меёбад. Дар соли 2021 ривоҷи динамикаи устувори иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад.

– Дар мавриди ба дастовардҳои бештар ноил шудани Тоҷикистон ғайр аз ҳукумат  доираҳои соҳибкорӣ, инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ низ ҳамчун омили муҳим нақш мебозанд. Корхонаҳои муштараки зиёд ба вуҷуд омаданд ва ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ низ ба чунин суръат ривоҷ меёбанд. Бунёди 1 ҳазору 632 корхонаи муштарак баёнгари он мебошад, ки мо робитаҳои худро тавсеа мебахшем ва дар ин ҷода сармояҳои зиёд ҷалб гардидаанд. Барномаи устувори индустриякунонӣ барои солҳои 2020-2025 бо суръат татбиқ мегардад. Аз ин ҳисоб ҳаҷми маҳсулоти холиси дохилӣ низ афзоиш хоҳад ёфт,-изҳор кард вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба таъкиди Сироҷиддин Мӯҳриддин Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишварҳои хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои муштарак, ба вижа дар соҳаи бофандагӣ ва аз нав коркарди маҳсулот сармояҳои худро ворид карда метавонанд.

Вай инчунин ба фароҳам овардани долони нақлиётӣ дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон таъкид варзид ва афзуд, ки ривоҷи туризм низ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти муҳимро касб хоҳад кард.

– Яке аз масъалаҳои мубрам шиддати авзоъи сиёсӣ дар Афғонистон мебошад, ки мисли соири кишварҳои дигар Тоҷикистонро низ ба нигаронӣ мувоҷеҳ намудааст.  Бори аввал дар муддати дароз чунин авзоъ ба вуҷуд омадааст. Ба далели шиддати авзоъ ва даргириҳо дар минтақаҳое, ки бо Тоҷикистон марзҳои муштарак доранд, кишвари моро водор намудааст, ки ҳимояи марзҳои худро тақвият бахшад,-гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон илова намуд, ки кишвараш бо риояти анъанаҳои ҳамсоядории нек тарафдори он аст, ки вазъи сиёсии Афғонистон метавонад танҳо аз роҳи гуфтушуниди тарафҳои даргир ҳаллу фасл шавад.

– Тоҷикистон тамоми талошҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ҷиҳати ҳаллу фасли бӯҳрони Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд ва омодааст дар ин ҷода аз наздик ҳамкорӣ кунад, – гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Ёдовар мешавем, ки дар ин конфронс 250 нафар аз 40 кишвари дунё, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ташриф овардаанд. Барои инъикоси он, ғайр аз журналистони дохилӣ, 90 нафар журналисти расонаҳои гуногун дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сабти ном шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь