Дар пойтахти Ӯзбекистон бо ширкати занон-роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони барномаҳои мухталифи СММ, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ, сохтори “СММ-занон”, вакилони Шабакаи занон-парламентарияҳои мамолики арабӣ барои баробарӣ-“Ra”edat” ва Иттиҳодияи занон-роҳбарони Африқо форуми минтақавӣ баргузор гардид.

Ин форум фаъолияти яксолаи раёсати давравии Ӯзбекистонро дар Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ натиҷагирӣ намуд.

Гуфта шуд, ки Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ як сол муқаддам таъсис ёфтааст. Дар таъсиси он роҳандозии мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси ҷаноби Шавкат Мирзиёев нақши муассир бозидааст, ки бори нахуст дар Тошканд нишасти худро баргузор намудааст.

-Ин як платформаи минтақавии ғайрирасмиии хеле ҷавоне мебошад, ки ба манзури пуштибонӣ аз занони минтақа, баланд бардоштани нақши сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо дар раванди қабули қарорҳо аз рӯи масъалаҳои марбут ба рушди устувор арзи вуҷуд намудааст. Дар муддати кӯтоҳ он худро ҳаматарафа нишон дод ва ба ваҳдати занони минтақа мубаддал гардид, то ки баробарии гендерӣ таъмин шавад,-гуфт раиси Сенати Маҷлиси Олӣ ва раиси давравии Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Танзила Норбоева.

Вай афзуд, ки аз вақти таъсиси он то кунун як қатор мулоқотҳо баргузор гардиданд, ки масъалаҳои мубрами баробарии гендериро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Инчунин дар он ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва дар ин замина дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ муҳокима гардид.

-Замони раёсати худ Ӯзбекистон талош ба харҷ дод, ки дар чаҳорчӯби ин муколама он ба яке аз платформаҳои босамари машваратӣ табдил ёбад ва ҳамкориҳои миёни занҳоро дар минтақаамон таъмин намояд,-гуфт Танзила Норбоева.

Дар ин нишаст таъкид гардид, ки аз рӯи натиҷагириҳои соли 2021 дар чаҳорчӯби Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Ӯзбекистон даҳ чорабинӣ бо қабули 8 ҳуҷҷат баргузор шуд, ки дар таҳкими ҳамкориҳои байни занони он дар самтҳои идораи давлатӣ, дипломатияи превентивӣ ё ҷилавгирӣ, ҳифзи муҳити зист, соҳибкорӣ ва бизнес, фарҳанг, таълим, илм, санъат, таъмини баробарии гендерӣ ва рушди устувор хеле мусоидат намуд.

Тавре ки тазаккур ёфт, дар соли 2022 низ эътилофи занони Осиёи Марказӣ боз бештар самараҳои нек ба бор овард, зеро барои он тамоми нерӯ ва корҳои амалӣ сафарбар хоҳанд шуд. Дар ин маврид созмонҳои ҳамкори байналмилалӣ ҳар гуна кумакҳои худро дареғ нахоҳанд дошт.

-Сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ моро хеле хуб дастгирӣ намуданд,-иброз намуд раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва раиси Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Танзила Норбоева.

Дар ин ҷамъомад Саида Мирзиёева, ноиби раиси Шӯрои парасторони Фонди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди ВАО-и миллӣ, гуфт, ки иштирок дар чунин ҷамъомад боиси ифтихори ӯст.

-Минтақа ба таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад. Барои ҳамин рӯ ба ваҳдат овардани занҳои минтақа ҳодисаи ногузир хоҳад буд. Зеро гарави рушди устувори мо ба ҳамин бастагӣ низ дорад. Барои пешрафти кори Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурд,-изҳор кард Саида Мирзиёева.

Вай афзуд, ки занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварҳои минтақа фаъолият мекунанд. Масъалаи дигар роҳи васеъ кушодан ба ҷавонон мебошад, то ки садои баланди онҳоро ҳама бишнаванд ва онҳо аз баробарии ҳуқуқи худ дифоъ намоянд.

-Зани дипломат барои ваҳдату рушди ҳамкориҳо аз омилҳои муҳим шумурда мешавад,-гуфт Саида Мирзиёева.

Аз номи занҳои Тоҷикистон дар ҷамъомади натиҷагирии фаъолияти яксолаи раёсати давравии Ӯзбекистон дар Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муовини аввали раиси Кумитаи занони Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода аз тариқи онлайн баромад кард.

-Дар як сол таҳти раёсати Танзила Норбоева Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле босамар фаъолият намуд. Гузашта аз ин, бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки ҳамкориҳои мо бо занони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина беш аз пеш доман фарох намудааст. Дар ҳамаи соҳаҳо ин ҳамкориҳоро рушду ривоҷ меёбанд. Чунин мешуморам, ки замони раёсати давравии Ӯзбекистон, бо вуҷуди таҷрибаи нахустин дар ин соҳа, хеле натиҷаҳои хубро дар пай дорад. Итминон дорам, ки минбаъд низ ваҳдати занҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш таҳким меёбад ва мо ба дастовардҳои бештар соҳиб хоҳем шуд,-гуфт Нигора Ғаффорзода.

Ногуфта намонад, ки Танзила Норбоева ба аҳли нишасти Тошканд аз Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони он ёдовар шуд. Вай эълон кард, ки дар паёми Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани нақши зан то соли 2030 барномаи хос пиёда карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ оҳиста дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо мекунад ва барои барқарории сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ низ нақш муҳим мебозад.

Дар ин нишаст баъди муҳокимарониҳои зиёд фаъолияти раёсати давравии Ӯзбекистон дар Гуфтугӯи занон-роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қаноатбахш дониста шуд ва раёсат ба Туркманистон гузашт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь