Ба иттилои гурӯҳи тадорукотии баргузор намудани фестивали байналмилалии синамои Тошканд, ки таҳти унвони “Дурдонаи роҳи абрешим” роҳандозӣ мегардад, он аз 28 сентябр то 3 октябр давом хоҳад кард, Ин манбаъ меафзояд, ки як замон фестивали мазкур ба номи “Фестивали синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ” ёд мешуд ва аз фестивалҳои машҳуртарини синамои олам маҳсуб меёфт.
Гуфта мешавад, баъди сипарӣ шудани солҳо доир ба баргузории фестивали синамо ё кинофестивали байналмилалии Тошканд 19 июли соли равон президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарори вижаеро ба имзо расонд. Дар ин замина ҳоло корҳои омодагирӣ вусъаӣ ёфтаанд.
Маълум шуд, ки фестивали синамои “Дурдонаи роҳи абрешим” барои табодули таҷриба миёни ҳамкасбон майдони инноватсиониро фароҳам меоварад ва ба яке аз ҳодисаҳои муҳими фарҳангии асри 21 табдил меёбад. Шиори фестивал “Барои сулҳ, маърифат ва тараққиёт” унвон гирифтааст.
Гурӯҳи тадорукотӣ мегӯяд, ки ба маросими ифтитоҳи фестивали байналмилалии синамои Тошканд ситораҳои дурахшони синамои миллӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин ҳунарпешаҳои машҳури эстрада ё ҷоз даъват карда шудаанд.
Бино ба ин манбаъ мувофиқи барномаи фестивал озмуни “Синамои панҷрӯза” низ роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар он коргардонҳои ҷавони 22 мамлакати дунё ширкат хоҳанд кард, ки дар фестивалҳои синамои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шудаанд.
Онҳо метавонанд дар мавзӯи “Роҳи бузурги абрешим” филмҳои кӯтоҳметражӣ ба навор бардоранд ва онро дар доираи фестивали “Синамои насли нав” намоиш диҳанд.
Дар озмуни мазкур коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Испания, Қазоқистон, Кения, Қирғизистон, Марокаш, Мексика, Россия, Тоҷикистон, Украина, Филиппин, Фаронса, Швейтсария, Эстония, Куриёи Ҷанубӣ ва Япония ширкат мекунанд.
Ҳайати ҳакамонро арбобони санъат, ҳунарпешаҳо, олимон, санъатшуносон ва мутахассисони варзидаи соҳаи синамо ташкил менамоянд.
Ғолибон дар охири фестивал бо диплом, статуэтка ё ҳайкалчаи хос ва мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд. Ғолиби ҷои аввали барномаи “Синамои панҷрӯза” 15 ҳазор доллари ИМА, ба ҷои дуюм-10 ҳазор доллар ва ба ҷои сеюм-7 ҳазор доллар тақдим хоҳад шуд.
Таври маълум дар доираи фестивал рӯзҳои синамои 13 мамлакат-Озарбайҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон баргузор мегарданд.
Дар рӯзҳои фестивал намоиши филмҳои коргардонҳои гуногуни олам дар тамоми кинотеатрҳои Ӯзбекистон ба роҳ монда мешавад. Инчунин дар рӯзҳои намоиши филмҳои синамои ҷаҳон намоиши 150 филмро барномарезӣ кардаанд.
Шаҳри Тошканд беш аз 150 нафар синамогари машҳури дунё, коргардонҳо, актёрон, вакилони фестивалҳои байналмилалӣ, ширкатҳои гуногуни синамогариро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Гуфта мешавад, ки ному насаби ин ашхоси маъруф баъди 22 сентябр дақиқан эълон карда хоҳад шуд.
Ба гуфтаи дафтандаркорони фестивали байналмилалии синамои Тошканд дар чаҳорчӯби он миёни таҳиягарони ширкатҳои филмсозии Россия, Беларус, Туркия, Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ низ ба имзо хоҳанд расид.
Дар фестивали мазкур устодони филмҳои мустанад ва мултфилмҳо низ ширкат мекунанд. Дар ин замина филмҳои мустанади таҳиягарони даҳ кишвари олам ба тамошо гузошта хоҳанд шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд