Шаҳри Тошканд ин бор мизбонии иҷлосияи навбатии Конгресси умумии Федератсияи байналмилалии вазнбардориро бар ӯҳда дорад. Дар ин ҷо федератсияи мазкур бо тамоми аъзои худ, ки аз кишварҳои узви он маҳсуб меёбанд ва ба ҳайси намояндагон ширкат доранд, иҷлосияи ҳисоботии худро баргузор кардааст.

Дар рӯзномаи он ин масъалаҳо ҷо дода шудаанд:

  1. Тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи Конгресси умумӣ
  2. Тасдиқи раиси конгресс
  3. Пешниҳод ва тасдиқи ҳисоботи солона. Ҳисоботи солонаи Президент

Ҳисоботи солонаи Котиби Генералӣ.

  1. Пешниҳод ва тасдиқи ҳисобҳои молиявии тафтишшуда
  2. Пешниҳод ва тасдиқи ҳама гуна гузоришҳое, ки аз ҷониби ҳар як Кумитаи IWF пешниҳод шудаанд.

Инчунин Конгресси умумии ФБВ кумитаҳои худ-техникӣ, мураббигӣ ва тадқиқотӣ, тиббӣ, комиссияи рушд ва маориф, Стратегияи оянда ва лоиҳаҳои худро дар конгресси умумӣ муаррифӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Конгресси умумии ФБВ ё IWF панҷ узви Комиссияи этика ва интизомро низ тасдиқ хоҳад кард.

Аз номи Федератсияи вазнбардории Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Шариф Давлатов ва дабири умумии он Азиз Шукуров ширкат доранд.

Ба гуфтаи Азиз Шукуров онҳо низ доир ба масъалаҳои иҷлосияи Конгресси умумии ФБВ фикру пешниҳодҳои худро оид ба пешбурди кори он, инчунин муаммоҳо ва масъалаҳои мавҷуд дар федератсияи вазнбардорииТоҷикистонро дар миён хоҳанд гузошт.

Дар ташреҳи Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ ҳамин нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки он як созмони байналмилалӣ аст, ки барои баргузории мусобиқаҳои вазнбардорӣ бахшида шудааст. Дар охири соли 2008 ин созмон федератсияҳои миллии вазнбардории 187 кишвари ҷаҳонро ба узвияти худ қабул кардааст. Идораи марказии IVF ва филиали аврупоии он дар шаҳри Будапешт воқеъ гаштааст.

Дар ҷараёни иҷлосияи Конгресси умумӣ гуфта шуд, ки ҳисоботи дастандаркорони он оид ба маблағҳои сарфшуда бояд дақиқ бошанд. Ба таъкиди иштирокчиёни он даромади молӣ ва дуруст харҷ намудани он аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Рӯзи аввали конгресс аз федератсияҳои минтақавии вазнбардорӣ даъват карда шуд, ки зимни муроҷиат ба ФБВ дар таълифи ҳуҷҷатҳо ба нуқсонҳо роҳ надиҳанд. Дар акси ҳол муроҷиати онҳо ба назари эътибор гирифта нахоҳад шуд ва вазнбардорони ин кишвар аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки то кунун ҳамагӣ 12 муроҷиат сурат гирифтааст. Ин рақам то моҳи феврали соли 2022 бояд ба 127 адад боло хоҳад рафт.

Ногуфта намонад, ки то баргузории иҷлосияи навбатии Конгресси умумии ФБВ аз 7 то 17 декабр дар шаҳри Тошканд мусобиқаҳои байналмилалии вазнбардорӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он вазнбардорони кишварҳои узви ин созмон фаъолона ширкат карданд.

Конгресси умумии Федератсияи байналмилалии вазнбардорӣ дар шаҳри Тошканд ба кори худ идома медиҳад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь