15-уми июни соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд таҳти унвони “Баланд бардоштани ҳуқуқи иқтисодии занон ва имкониятҳо барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон” бизнес-форуми минтақавӣ баргузор мегардад.

Дар ин бора сухангӯи Вазорати пуштибонӣ аз маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саодат Боймирзоева зимни як суҳбати ихтисосӣ бо мухбири “Фараж” иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар доираи ин бизнес-форум барои занони соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузории чанд чорабинии дигар низ барномарезӣ шудаанд.

Вай афзуд, ки баргузор гардидани ин бизнес-форум аз нигоҳи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорои аҳамияти зиёд мебошад.

– Бизнес-форум ба шаҳри Тошканд занони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ӯзбекистонро гирдиҳам меорад. Ин чорабинии бонуфузи минтақавӣ маҳсуб ёфта, бар асоси маърӯзаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иҷлосияи 46-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз 22-юми феврали соли 2021  роҳандозӣ хоҳад шуд, – изҳор кард Саодат Боймирзоева.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати “Фараж” дар ҳамон иҷлосияи бонуфуз сарвари давлати Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки вориди мулоқот шудани занони аз ҳар нигоҳ пешқадам ва бомаҳорату босалоҳияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз манфиатҳои зиёд бархурдор хоҳад буд. зеро занҳо низ ҷиҳати боло рафтани салоҳиятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишварҳо саҳми зиёд мегузоранд.

– Ҳоло дар кишвари мо дастгирии ҳамаҷонибаи занон, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо аҳамияти вижа касб кардааст. Як теъдод занони кишварамон дар вазифаҳои раҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ҳудуди 70 дарсади корхонаҳои хусусӣ аз тарафи занони фаъол идора мешаванд. Яке аз самтҳои асосии кори моро коҳиши ҷинояткорӣ дар байни занон ташкил мекунад, – мегӯяд Саодат Боймирзоева.

Тавре сухангӯи Вазорати пуштибонӣ аз маҳалла ва оилаи Ӯзбекистон тазаккур дод, дар ин ҷумҳурӣ Клуби занони назди Комиссияи баробарии гендерӣ таъсис дода шудааст. Хонум Боймирзоева таъкид варзид, ки дар парлумон 32 дарсади намояндагони мардумиро занҳо ташкил медиҳанд. 23 дарсади аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ аз занон таркиб ёфтааст.

– Теъдоди депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ низ аз ҳисоби занон беш аз пеш меафзояд. Дар айни ҳол депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ аз 25 дарсад иборат буда, ба ин ниҳодҳо аз ҳисоби занони фаъол ва  пешрафта вакилон интихоб шудаанд, – зикр кард Саодат Боймирзоева.

Гуфта шуд, ки дар миёни 190 парламенти дунё Ӯзбекистон ҷои 44-умро ишғол мекунад. Ба гуфтаи ӯ вазорати онҳо талош ба харҷ медиҳад, ки теъдоди занони соҳибкор беш аз пеш биафзояд. Барои рушди ин соҳа вазорат низ хеле мусоидат кардааст, ки дастикам 126 ҳазор занону духтарони ба соҳибкорӣ шавқу рағбатдошта соҳиби қарзҳои имтиёзнок шаванд.

– Аксарияти ин хонумон аз шахсиятҳое таркиб ёфтаанд, ки дар оилаҳои нисбатан камбағалу камбизоати ҷомеаи кишвари мо ба сар мебаранд. Онҳо то шуғли нави худ аз зумраи занони бекор маҳсуб меёфтанд ва ҳоло сол аз сол меҳнаташон самараи хуб медиҳад, зиндагиашон хубу фаровон мешавад, – мегӯяд Саодат Боймирзоева.

Бино ба ҳарфҳои сухангӯи Вазорати пуштибоӣ аз маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бизнес-форуме, ки 15 июн баргузор хоҳад шуд, занон ба ҳарфи якдигар гӯш медиҳанд, аз таҷрибаи якдигар баҳра мебаранд. Ба ибораи дигар, ин форум имкон фароҳам меорад, ки занҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вориди мулоқоту гуфтугӯ шаванд ва бо кумаки якдигар домани фаъолиятҳояшонро боз ҳам тавсеъа бахшанд.

– Барои ширкат дар Бизнес-форум алҳол теъдоди зиёдро соҳибкорзанони ӯзбекистонӣ ташкил медиҳанд. Аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ҳамчунин Афғонистони ҳамҷавор барои ширкат 20-нафарӣ занону духтарон майл зоҳир кардаанд. Мо онҳоро бо камоли майл истиқбол мегирем, барояшон шароити хуби будубош муҳайё месозем, ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ онҳо аз ҷойҳои таърихиии мо боздид хоҳанд кард, – гуфт дар ниҳояти суҳбати ихтисосӣ Саодат Боймирзоева.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь