Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазири ҳукумати толибон, Шоҳзода Карим Оғохон, раҳбари шиаҳои исмоилиро ба Афғонистон даъват кард, менависад телеграм-канали хабаргузории BBC.
Ба иттилои манбаъ, сухангӯи ҳукумати Толибон Билол Каримӣ гуфт, Алӣ Акбар Паснонӣ, раиси Шабакаи рушди Оғохон дар Афғонистон, рӯзи шанбе дар Кобул бо Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини нахуствазир дар Кобул мулоқот кард.
Алӣ Акбар Паснонӣ, намояндаи вижаи Оғохон дар Афғонистон, дар ин нишаст гуфт, Шабакаи рушди Оғохон дар Афғонистон то кунун 140 осори бостониро бозсозӣ кардааст ва яке аз фаъолиятҳои ин созмон дар Афғонистон кумак ба таҳсили духтарон аст.
Ба гуфтаи Билол Каримӣ, Абдулсалом Ҳанафӣ, намояндаи вижаи Оғохон, дар Афғонистон гуфтааст, Толибон аз фаъолиятҳои Шабакаи рушди Оғохон истиқбол карда ва замина барои идомаи ин фаъолиятҳоро омода мекунад.
Дар мавриди таҳсили духтарон дар Афғонистон, Ҳанафӣ гуфтааст, ки вазоратҳои маориф бар рӯи механизми фароҳам овардани замина кор мекунанд.
Шоҳзода Карим Ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, мутаваллиди соли 1936 дар Женеви Швейсария буда, донишомӯхтаи Донишгоҳи Ҳорворд дар риштаи таърихи ислом аст. Ӯ 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ ба шумор меравад, ки наслаш ба паёмбар Муҳаммад (с) мерасад.
Карим Оғохон 32-умин фарди сарватманд дар Ангилистон маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1967 Бунёди Рушди Оғохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд саҳмияи сад дарсадии ширкати мобилии Tcell-ро низ дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи “Серена-Душанбе”-ро дар ихтиёр дорад.
М. Наҷибӣ