Хонаводаи мутриб ва сарояндаи таронаҳои мардуми шимоли Афғонистон мегӯяд, ки ӯро як ҷангии Толибон дар вилояти кӯҳистонии шимоли Кобул ба зарби тир куштааст.
Ин иттиҳоми зидди толибҳо дар ҳоле мерасад, ки нигарониҳо аз бозгашти Афғонистони ҷангзада ба солҳои ҳокимияти саркӯбгари “Толибон” дар солҳои 1996-2001 бештар мешаванд.
“Фаводи Андарабӣ, як ҳунарманди маҳаллӣ, дирӯз аз хонааш берун кашонда ва аз ҷониби Толибон дар деҳаи Кишнободи [ноҳияи] Андароб кушта шуд. Ӯ овозхони машҳури халқӣ дар водӣ буд. Писари ӯ ин ҳодисаро тасдиқ кард”, – хабар дод журналисти афғон Самеъ Маҳдӣ рӯзи 28 август дар Твиттер.
“Вай гуноҳе надошт, овозхоне, ки танҳо мардумро шод мекард”, – гуфт писари ӯ Ҷавод ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс (АП). – “Ўро дар киштзор ба сараш тир зада, куштанд”.