Агентии Тоҷикстандарт дар шашмоҳаи аввали соли 2017, воридоти 189 ҳазор тонна маҳсулотро аз хориҷа ба қайд гирифта, ба ҳамин миқдор маҳсулот сертификат додааст. Ин нуктаро директори Агентии тоҷикстандарт Давлатзода Қудрат зимни нишасти матбуотии ниҳодаш баён кард.

Номбурда изҳор дошт, ки солҳои охир воридоти маҳсулоти хориҷа ба Тоҷикистон кам гардида, истеҳсоли ватанӣ афзоиш ёфтааст.

– Воридоти маҳсулот аз хориҷа дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 95 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба шашмоҳаи соли 2017 қариб 100 ҳазор тонна кам аст, – гуфт Давлатзода Қудрат.

Мавсуф дар мавриди вориднамоии молу маҳсулот аз кишварҳои хориҷа изҳори назар карда, таъкид намуд, ки ҳамаи маҳсулоти ба кишвар интиқолмеёфта аз ташхиси Агентӣ мегузаранд ва ба онҳо сертификати сифат дода мешавад.

– Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки аз ҷониби соҳибкорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ воридоти ғайриқонунии молу маҳсулот ба қайд гирифта мешавад, – таъкид намуд директори Агентӣ, – Дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мо тавонистем, ки 60 тонна чунин маҳсулотро ошкор кунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь