Ноҳияи Тоҷикобод дар минтақаи Рашт аз навоҳиест, ки нақшаи даъвати ҳатмии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар рӯзи аввал иҷро кардааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба “Фараж” иттилоъ доданд, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ноҳия 71 нафарро ташкил додааст, ки дар рӯзи аввали даъват пурра иҷро гардидааст.

-Дар қатори ҷавонони ғаюри синни даъватӣ Абӯсаид Мансурзода, писари 19-солаи муовини раиси ноҳия дар самти идеология-Қодирҷон Мансурзода низ ба хизмати аскарӣ сафарбар гардид. Абӯсаид донишҷӯ аст. Ӯ бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, хост аввал қарзи фарзандиашро дар назди Ватан адо намояд ва баъдан таҳсилашро бо сари баланд ба охир расонад, -гуфт ҳамсуҳбати мо аз МИҲД-и ноҳияи Тоҷикобод.

Гуфта мешавад, дар қатори даъватшавандагон фарзандони 3 директори муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия низ, хоҳишмандона, ба сафи артиши кишвар пайвастаанд. Наваскарон аз сабаби оиладор буданашон дар қисми низомии Вазорати мудофиа воқеъ дар ноҳияи Рашт адои хизмати ҳарбӣ хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь