Чэн Гопин, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин дар Душанбе, масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ кард. Дар ин бораи ВКХ-и кишвар хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷӣ, бо намояндаи Чин ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба миён гузошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин баробар масоили сепаратизм ва ҷинояткории муташаккил дар ин ҷаласа баррасӣ гардид.

Маълум нест, ба ин масоил дар байни ду кишвар чанд ҷиноят ошкор гардидааст, аммо, гуфта мешавад, дар мулоқот тарафҳо ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи пайомадҳои манфӣ мубодилаи назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин барои иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирон оид ба амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе омадааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь