Имрӯз, 17 май, дар Ворух табодули гаравгонҳо сурат гирифт. Шаҳрвандони моро, ки субҳи имрӯз дар роҳ ба сӯи Исфара боздошт шуда буданд, раҳо карданд, хабар дода ОИ “АП” бо истинод ба қафли раиси деҳаи Тоҷикони ҷамоати деҳоти Ворух Ғафурҷон Ҷӯраев.
Ба гуфтаи ӯ, қабл аз гаравгон гирифтан шаҳрвандони моро латукӯб карданд.
«Шаҳрвандони мо аз Ворух ба самти Исфара ҳаракат мекарданд, аммо бо сабабҳои шахсӣ онҳо қарор доданд, ки ба Ворух баргарданд ва аз микроавтобус дар деҳаи Оқ-сой фаромаданд. Онҳо ду нафар буданд. Дар ин вақт, сокинони Оқ-сой ба латукӯби онҳо шурӯъ карданд. Инро як шаҳрванди дигари мо, ки аз чорроҳа чандон дур набуд, пай бурда, тасмим гирифт, ки ёрӣ кунад. Вақте ӯ ба ҷойи ҳодиса расид, ӯро низ латукӯб ва боздошт карданд. Дар натиҷа, бо ёрии марзбонони қирғиз ҳамаи онҳо гаравгон гирифта шуданд ”, – гуфт Ғафур Ҷӯраев.
Ба гуфтаи вай, “ҷониби Қирғизистон дидаву дониста ин корро мекунад, то музокиротро ба таъхир андозад ва аз созишҳои ҳосилшуда дур шавад”.
Ҳамзамон, Абдикерим Алимбоев, намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд ба “Радио Азаттик” гуфтааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон низ имрӯз ҳангоми бозгашт аз Тамдик боздошт шуданд.
«Дар деҳаи Оқ-сой се шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Қирғизистон боздошт шуданд. Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар шоҳроҳи Тамдик-Ворух ба Оқ-сой ҳаракат мекарданд, боздошт кард. Онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт карданд. Музокироти дуҷониба сурат гирифт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марзбонон он ҷо буданд. Мо ҳамаи ин масъалаҳоро таҳқиқ ва муайян мекунем, ки оё шаҳрвандон аз ҷониби марзбонон боздошт шудаанд, ё сокинони як деҳаи маҳаллӣ онҳоро дар кадом асоси кадом аснод боздошт шудаанд», – гуфтааст Алимбоев.
Бино ба иттилои хабаргузории 24.kg бо истинод ба сокинони маҳаллӣ, ки номашон ошкор нашудааст, тибқи маълумоти пешакӣ, се қирғизистонӣ латукӯб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша байни сокинони маҳаллии минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар мубаддал гашт.
Дар даргириҳои марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз 50 нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуданд, беш аз 300 нафар захмӣ шуданд.