Бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманд рӯзҳои 16-17-уми ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи “Шумон” тренинг дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида: 30 соли ҳамкориҳои судманд” баргузор гардид.
Мавзӯи асосии тренинги мазкурро муносибатҳои дипломатии Амрикову Тоҷикистон, нозукиҳои жанри гузориш, чӣ гуна бояд журналист бо як дипломат мусоҳиба намояд, ташкил мекард. Тренерон рӯзноманигорони маъруфи кишвар Илҳом Ҷамолиён ва Сӯҳроб Зиё таҷрибаҳои худро ба иштирокчиёни тренинг бо ҳам диданд. Дар тренинг 15 нафар рӯзноманигор аз Суғду Бохтару Кулоб иштирок карданд.
Ширкатунандагон бо нозукиҳои филмбардорӣ, интихоби қаҳрамон ва амсоли ин мавзуъҳо ошноӣ пайдо намуданд.
Ташаббускори тренинги мазкур “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” буда ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
Дар назар аст, пас аз итмоми тренинг барои рӯзноманигорон Пресс Тур ташкил карда шавад. Дар давоми ин сафарҳо журналистон ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон сафар карда, бо лоиҳаву иншооте, ки аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаанд, шинос шаванд. Дар давоми лоиҳа ширкаткунандагон метавонанд то 18 гузориш омода созанд.
Бахтиёр Раҳматуллоев