Сафорати Тоҷикистон дар Киев рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки мехоҳанд Украинаро тарк карда ба ватан баргарданд, тартиб медиҳад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Феълан сафорати Тоҷикистон дар Украина телефони боварӣ фаъол кардааст. Телефони боварии сафорати Тоҷикистон дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +3 80933361040 кор мекунад, ки тавассути он дипломатҳо сари вақт ба мардум дар масъалаи бозгардонидани шаҳрвандон тавассути қаламрави кишварҳои сеюм кӯмак мерасонанд.
Дар муроҷиатнома омадааст, ки бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави ин кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони худ хабар медиҳад, ки Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани феҳристи шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи намояндагони дипломатӣ, дар умум дар Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ки аз ин шумора 101 нафарашонро донишҷӯён ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки то рӯзи 28-уми феврали 2022, сафорат 200 шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхат ворид кардааст, ки аз ин теъдод 76 нафарашон ба Лаҳистон ва 45 нафари дигар ба Молдова мустақилона рафтаанд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни раводид то 14 рӯз сафар кунанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдорро дошта бошанд.
Вазорат мегӯяд, дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ – “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунанд.
Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошанд.
Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунанд.
Инчунин, Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова гузаштаанд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;
Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;
Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.
Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш мекунад, то талаботи низомиро риоя кунанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.