Шӯрои уламои Тоҷикистон муқаррар кард, ки 16-уми июн дар саросари кишвар рӯзи таҷлили Иди Қурбонро аст. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, имрӯз, 11-уми июн, дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбон таъйин шуд.

“Шурои уламо қарор қабул кард, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 16-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад”, – хабар доданд аз ин ниҳод.

Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин ба назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь