2-юми июн дар Душанбе даври аввали пурраи музокироти Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи чаҳорчӯби нави фарогир барои таҳкими равобити дуҷониба баргузор шуд.

Музокирот оид ба Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) бо Тоҷикистон марҳалаи муҳим дар равобити Иттиҳодияи Аврупо бо ин кишвар аст ва хадафи асосии он густариши доираи шарикии мутақобила дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, бахшҳои асосии иқтисодӣ, инчунин идоракунӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мебошад.

Созишномаи оянда ба ҷои Созишномаи мавҷудаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (аз соли 2010 амал мекунад) хоҳад буд. Оғози муҳокимаи дуҷониба оид ба музокироти EPCA моҳи феврали соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд.

Гуфтушунидро музокиракунандагони асосӣ Люк Девин, Директори Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) оид ба Русия, шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА ва Шараф Шерализода, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо як гурӯҳи коршиносон оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ шомил буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь