Дар Тоҷикистон музди аз ҳама баландро кормандони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 11 ҳазору 333,6 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти вазорат, ки имрӯз, 9-уми феврал, доир гардид, хабар дод.

Дар зинаи дуюм кормандони бахши молиявӣ бо гирифтани  4 ҳазору 159,4 сомонӣ ба ҳисоби миёна дар моҳ, қарор доштаанд.

Кормандони бахшҳои дигари хизматрасониҳо – 3 ҳазору 815,1 сомонӣ, алоқаву иттилоот 3 ҳазору 126 сомонӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок 2 ҳазору 786,1 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ ва буғ  2 ҳазору 713,2 сомонӣ, сохтмон 2 ҳазору 449,7 сомонӣ маош доранд.

Вазорат афзуд, кормандон дар бахши саноат 1 ҳазору 960,6 сомонӣ, нақлиёт 1 ҳазору 849,3 сомонӣ, соҳаи санъат ва фарҳанг 1 ҳазору 389,7 сомонӣ, мақомоти давлатӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ 1 ҳазору 287,7 сомонӣ, маориф 1 ҳазору 244,2 ва соҳаи тандурустӣ ба 1 ҳазору 025,3 сомонӣ маош мегиранд.

Аз ҳама музди пасттаринро дар кишвар кормандони бахши кишоварзӣ, 633,8 сомонӣ бо ҳисоби миёна дар як моҳ, мегирифтаанд.

Дар нишасти вазорат иттилоъ доданд, ки дар соли 2021 рушди нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳифз шуда, маоши миёна ҳудуди 1525 сомониро дар бар мегирад. Нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо соли 2020 ҳудуди 10,8 фоиз ё 148 сомонӣ зиёд шудааст.

Аз рӯи таносуби минтақаҳо аз ҳама нишондиҳандаи баланди музди миёнаро сокинони Душанбе мегиранд, ки 2 ҳазору 254,5 сомониро ташкил медиҳад. Миқдори маоши миёна дар ВМКБ 1 ҳазору 438,8 сомонӣ, дар Суғд 1 ҳазору 396,9, навоҳии тобеъ 1 ҳазору 259,5 ва вилояти Хатлон 1 ҳазору 146,3 сомониро дар бар мегирифтааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ ба Маҷлиси Олӣ, аз боло бурдани маош хабар дода буд. Аз аввали моҳи январ маоши кунунии  хидматчиёну кормандони мақомоти қудратӣ аз 20 то 25 дарсад ва аз якуми июли соли 2022 маоши дигар кормандони бахшҳои буҷавӣ  ва андозаи нафақаву стипендияҳо ҳам мутаносибан то 20 дарсад зиёд мешаванд.

Маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон дар айни ҳол  400 сомонӣ мебошад. Ин нишондиҳанда аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 дарсад боло бурда мешавад ва ба 600 баробар мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь