17-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпури кишвари Малайзиё бозии ниҳоии 42-юмин мусобиқаи Ҷоми Мердека баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа бояд дастаҳои мунтахаби Малайзиё, Ҳиндустон, Фаластин ва Тоҷикистон ширкат мекарданд. Дар даври ниманиҳоӣ Малайзиё бо Ҳиндустон бозӣ кард ва бо натиҷаи 4:2 пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби Фаластин бо далели вазъи ноором дар ин кишвар аз ширкат дар мусобиқа худдорӣ кард ва футболбозони Тоҷикистон бе бозӣ ба финал роҳ ёфтанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Малайзиё вохӯрд ва ба пирӯзӣ расид. Шогирдони Петр Сегрт бо натиҷаи 2:0 соҳибони мусобиқаро ноком карданд ва Ҷоми Мердекаро соҳиб шуданд. Голҳоро Рустам Соиров (дақиқаи 44) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи 88) заданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь