Дастаи яккачини Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) миёни тимҳои миллии мардона иштирок мекунад. Баргузории мусобиқаи мазкур аз 9 то 21 июни соли 2023 дар назар аст. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар мусобиқаи мазкур шаш дастаи аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Эрон иштирок мекунанд. Ширкати тими миллии Русия низ дар назар аст. Ҳамчунин, созмони мазкур як мунтахаби дигарро аз Осиё даъват мекунад. Айни ҳол, мизбони мусобиқа маълум нест, вале Қирғизистон ва Ӯзбекистон довталаби асосӣ гуфта мешаванд.

Дар умум, ҳашт даста ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, миёни ҳам рақобат мекунанд. Тимҳое, ки аз ҳар ду гурӯҳ мақоми аввалро соҳиб мешаванд, барои зинаи якум ва ҷоми мусобиқа талош мекунанд. Дастаҳои зинаи дуюм бошад, барои мақоми сеюм мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки дастаи яккачини Тоҷикистон 25 март бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва 28 март бо мунтахаби Қувайт бозии дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозӣ дар сафар доир мешавад.

Иштирок дар бозиҳои дӯстона ва мусобиқаи CAFA барои омодагии футболбозони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2024 замина хоҳад шуд. Чемпионати Осиё аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь