26 июн ба Тоҷикистон 200 ҳазору 70 воя ваксинаи намуди «Pfizer» ворид карда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ кишвар. Гуфта мешавад, ин дар доираи механизми ҷаҳонии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо COVAX ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

Бояд гуфт, дар кишвар бар зидди коронавирус бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.

Ёдовар мешавем, маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст ва он ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд.

Тибқи маълумоти сомонаи covid.tj, ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.

Аз оғози пандемия тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 17 феврал шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон – 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.

Бояд гуфт, аз 7 март бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муовимат бо коронавируси дар ҷумҳурӣ ниқобпӯшии ҳатмӣ бекор карда шуд. Пас аз хуруҷи коронавирус он ҳатмӣ шуда ва нархи ниқобҳо ҳам то 15 сомонӣ боло рафта буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here