Аз 11 то 20-уми июни соли 2021 фестивали ҳамасолаи бизнес, технология, медиа ва фарҳанги «Go Viral Central Asia» баргузор мегардад.

Ҳар қисмати барнома зиёда аз 50 нафар маърӯзачӣ ва сухангуёнро аз Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар, инчунин баромадҳо, муҳокимаҳо, намоишҳои омӯзишӣ (workshops), намоиши филмҳои мустанад, сессияҳои нетворкинг ва, ҳатто, консертҳои мустақимро дар бар мегирад!

Фестивали «Go Viral» бори дигар муваффақ гардид, ки шахсиятҳои боистеъдод, эҷодкор, зирак, ва гуногунҷабҳаро аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам оварад.

Формати чорабинӣ омехта хоҳад буд. Барномаҳо ба таври онлайн ва офлайн, дар як вақт баргузор мегарданд. Илова ба сессияҳои Алмаато, Тошканд ва Бишкек, қисми зиндаи фестивал дар шаҳри Душанбе дар Маркази амрикоӣ баргузор мегардад.

Қисмати фестивал, ки дар Душанбе баргузор мегардад, барномаҳои зеринро дар бар мегирад:

Ҷумъа, 11 июн

18:00-20:00

Маросими ифтитоҳи расмӣ. Баромади мусиқавии Марҷона Хасанова, (виолончелнавоз), DJ Jova, Дарико Гарибян (ғижак), Анвар Шоймуродов (ғижак), ва Парвиз Хаёлзода (алт).

Шанбе, 12 июн

18:30-19:30

Муҳокимаи панелӣ: Фарид Ширинҷонов, Шабнам Шерматова «Иқтисоди эҷодкорӣ ва соҳаи тарабхонаҳо». Модератор: Парвиз Рузиев

19:30-20:00

Консерт: Чоршанбе Аловатов

Якшанбе, 13 июн

17:00-18:00

Муҳокимаи панелӣ: Саидакбар Акбаров, Лола Қосимова, Рафаэл Гулов. «Чӣ тавр ҷавонони тоҷик саҳифаи Instagram-и худро пеш мебаранд».

Модератор: Тимур Тимерханов

19:30-20:00

Рӯнамоӣ:: Нилуфар Муродова «Шарҳи курсҳо ва барномаҳо барои духтарон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ»

Панҷшанбе, 17 июн

11:00-12:30

Намоиши омӯзишӣ: Канат Бейсекеев ва продюсерони тоҷик «Филмҳои мустанад дар заминаи Осиёи Марказӣ»

10:00-11:00

Муҳокимаи филми «Занони Осиёи Марказӣ»

Модератор: Шаҳина Баҳромова

20:00-20:20

K-POP ва Арт – маълумот дар бораи мафҳуми K-POP ва маъруфият ба даст овардани он пешниҳод мегардад

Ҷумъа, 18 июн

11:00-16:00

Ин рӯз ба филм-лоиҳаи «48 Соат Film Race» бахшида шуда, “мастер-классҳо” аз филмсозони пешбари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Аниса Сабирӣ ва Канат Бейсекеев пешкаш мегарданд. Дар рафти фестивали «48 Соат Film Race» инчунин озмуни махсус барои истеҳсоли филми кутоҳмуддати 48-сониягӣ дар давоми 24 соат гузаронида мешавад.

Якшанбе, 20 июн

16:00-16:30

Рӯнамоӣ:: Искандар Мирзоганиев

«Постерҳо чун медиа-формати самаранок»

16:30-17:00

Рӯнамоӣ:: Тахмина Ҳакимова, Фаррух Сафарзода

«Ифшои қаҳрамон дар форматҳои видео ва акс»

17:30-18:00

Рӯнамоӣ: Диана Висотская «Чӣ гуна чорабиниҳоро дар минтақаҳо эҷодкорона гузаронидан мумкин аст»

18:00-18:30

Рӯнамоӣ:: Азам Мирзонаҷотов “Тасвирҳое, ки ба воқеияти иҷтимоӣ таъсир мерасонанд”

Шумораи иштирокчиён барои ҳар як сессия маҳдуд ва сабти ном зарур аст. Пайванди ҳар як барномаро метавонед дар саҳифаи расмии GoViralTJ дар Instagram пайдо кунед. Ҳамаи ҷорабиниҳои дар Душанбе баргузоршаванда дар саҳифаи фейсбуки GoViralTJ низ дар формати пахши зинда дастраст мегарданд.

Фестивали «Go Viral» аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь