Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври нуҳуми марҳилаи дуюми вохӯриҳои интихобии Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” аз дастаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.

Голро дар ҳайати Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 9-уми дидор зад. Ин аввалин гол ба дарвозаи тими Ҷопон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 мебошад. Ҷопониҳо 41 гол задаанд ва ҳамагӣ як гол сар додаанд, ки аз Тоҷикистон аст.

Дар бозии дигари гурӯҳ Муғулистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Маҳз натиҷаи ҳамин бозӣ умедии футболбозони тоҷикро барои роҳ ёфтан бал даври дигар зиёд кард. Барои сууд шогирдони Усмон Тошев бояд дастаи Мянмарро мағлуб кунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷои дуюми ҷадвали гурӯҳи “F” қарор дорад. Бозии навбатии шогирдони Усмон Тошев бо тими миллии Мянмар 15 июн дар Ҷопон баргузор мешавад.

   Дастаҳо В П М Б Т\т И
1 Ҷопон 7 1 0 0 41-1 21
2 Тоҷикистон 7 3 1 3 10-12 10
3 Қирғизистон 6 2 1 3 10-6 7
4 Мянмар 6 2 0 4 5-23 6
5 Муғулистон 8 2 0 6 3-27 6

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь