Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври ниҳоии марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Узбекистон бо тими Куриёи Ҷанубӣ (0:0) мусовӣ кард.

Дар бозии дигари ин гуруҳ тимҳои миллии Уммон ва Урдун низ ба дарвозаи ҳамдигар гол назадаанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба ин тартиб, тими Куриёи Ҷанубӣ, ки ҳафт имтиёз дорад, дар ин гуруҳ дар садри ҷадвал ҷой гирифт. Дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ ба даст овардаанд, вале ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамдигарӣ тими Урдун дар ҷойи дуюм қарор гирифта, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ҳамин ҳол сармураббии дастаи ҷавоонони Тоҷикистон мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев, ки соли гузашта ба ин вазифа таъйин шуда буд, аз вазифа барканор шудааст, менависад sports.tj. Ӯ мутахассиси маҳаллӣ Аҳлиддин Турдиевро иваз карда буд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии аввал аз Урдун бо натиҷаи 0:2 мағлуб шуд, дар бозии дуюм бо ҳисоби 1:0 бар Уммон ғалаба кард.

М Даста Б П М Б Гол И
1 Куриёи Ҷанубӣ 3 2 1 0 6-0 7
2 Урдун 3 1 1 1 2-2 4
3 Тоҷикситон 3 1 1 1 1-2 4
4 Уммон 3 0 1 2 0-5 1
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь