Никос Костанай аксбардор ва фаоъли ҷомеаи шаҳрвандии қазоқ аст, ки ду бор ба Тоҷикистон сафар кардааст. Никос аз Тоҷикистон бо худ бисёр хотираҳои хубе дорад.

Ӯ мегӯяд аз аввал ба кори аксбардорӣ машғул буд, аммо баъди сафар ба Амрико ва шиносоӣ бо фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандии Амрико тасмим гирифт, дар баробари аксбардор будан, инчунин ба фаъолияти шаҳрвандӣ машғул шавад.

“Вақте дидам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад сиёсати дохилиро тағйир диҳад, ман фаҳмидам, ки бо аксҳои худ метавонам чизеро тағйир диҳам, одамонро омӯзам ва баъзе мушкилотро тариқи аксҳо гуфта бошам”, – мегӯяд Никос Костанай.

Вай баъди бозгашт аз Амрико дар доираи лоиҳае соҳиби грант мегардад. Нахустин намоиши ӯ таҳти унвони “Портрети замони мо” ба намоиш гузошта мешавад.

Маҳз фаъолият ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ сабаб мешавад то Никос ба Тоҷикистон биёяд ва бо таъриху маданияти кишвар ошноӣ пайдо созад.

“Ман маротибаи аввал соли 2019 пеш аз оғози пандемия ба Тоҷикистон омадам ва дар инҷо муддати 4-5 рӯз истодам. Дар давоми ин вақт ман тавонистам аз Қалъаи Ҳисор дидан намоям ва бо фарҳангу маданияти Тоҷикистон каме ҳам бошад ошноӣ пайдо намоям. Дар қалъаи Ҳисор ман аз ёдгориҳои таърих дидан ва дар ин баробар бо мардуми инҷой сӯҳбат кардам. Мардуми тоҷик ба ман бисёр маъқул шуданд. Ба назари ман тоҷикон аз халқҳои дигари Осиёи Марказӣ фарқ доранд. Онҳо бо забон ва менталитети тоҷикона аз дигар мардуми Осиё фарқ мекунанд”, – бо як завқ қисса мекунад Никос.

Бори дуввум Никос Костанай тобистони ҳамин сол ба Тоҷикистон омада давоми як моҳ дар Душанбе дар хонаи рафиқаш зиндагӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон бисёр мардуми меҳмондӯуст ва хушсуҳбат мебошанд.

Дар шаҳри Душанбе сохтмони биноҳои баландошёна диққати ӯро ба худ ҷалб кардаанд. Вай мегӯяд тарҳи меъмории биноҳо бисёр писанд омаданд.

Қаҳрамони мо натанҳо аз Душанбеву Ҳисор, балки ба Варзоб низ рафтаасту аз ҳавои тозаи онҷо дар ҳайрат уфтодааст. Ба қавли ӯ ҳавои Варзоб бисёр тоза буда, кас аз нафас кашидан дар чунин ҳавои тоза ҳаловат мебарад. Ӯ мегӯяд, умуман дар Тоҷикистон як навъ ҳавои фарқкунанда аз дигар кишварҳо мавҷуд аст, ки аз нафас кашидани чунин ҳавои тоза сер намешавад.

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон Никосро дар худи ҳавопаймо ба худ мафтун кардаанд. Албатта, ӯ дар баробари ин ҳама аз ғизои миллии тоҷикӣ – палов низ чашидаасту то ба ҳол лаззаташ дар комаш мондааст.

“Тоҷикистон сайёҳонро бо кӯҳҳои осмонбӯс ва меҳмоннавозии худ ба ваҷд меорад. Дар ин кишвар метавон худро амн ҳис кард. Инҷо шуморо “торик нашуда дар ҷоям бояд бошам” гуфтан ба ташвиш намеорад. Чун шумо дар куҷое набошед ҳатман нафрае пайдо мешавад, ки барои шабро рӯз кардан ба хонааш даъват мекунад.

“Дар кучаву бозор мардум бо шумо самимона сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Барои мисол дар Қалъаи Ҳисор ман бо нафаре шинос шудам, ки бидуни дастмузде барои кашонидани бори ман кӯмак кард, ҳатто чанд муддат ҷузвдонамро низ бо худ бардошт. Ба назар бетаъхирӣ воқеан натиҷаи анъанаи амиқи ахлоқист. Аҳкоми ислом ва расму оинҳои қадима, ки аз Суғдиён сарчашма мегиранд, ба сокинон дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ дастурҳои нонавишта гузоштаанд. Мехохам дар бораи тоҷикон чанд сухан гуям. Тоҷикон халқи хосаанд. Инҳо на узбеканд, на қазоқу на қирғиз, инҳо тоҷикон, қадимтарин мардуми Осиёи Марказӣ ҳастанд. Тоҷик ба маънои дорандаи тоҷ аст, чуноне ки эрониҳо онҳоро номидаанд ва тоҷикон ин номро асоснок кардаанд.

Тоҷикон мардуме ҳастанд, ки шоири бузург Фирдавсиро ба дунё овардаанд ва беҳуда нест, ки онҳо, тоҷикон, анъанаҳои фарҳангии худро аз ӯ гирифтаанд. Шумо бояд дар аксҳои гирифтаам ҳис карда бошед, ки онҳо, тоҷикон, маҳорати баланди бадеӣ доранд, маданияти қадима ва завқи махсуси бадеии онҳо дар мусиқӣ, суруд ва рақс зоҳир мегардад”, – мегӯяд Никос.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь