Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби содирот ва фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ ба даст овардааст. Ин нуктароАзияплюсаз нишасти имрӯзаи Вазорати энергетика ва захираҳои об зикр мекунад.

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири ин ниҳод, ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2020, 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод.

“Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд”,-гуфт Ҷумъа.

Вазир таъкид кард, ки “содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Узбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод”.

Ба гуфтаи вазир,дар маҷмуъ дар соли 2021, истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 20 млрд. 624,6 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки дар муқоиса ба соли 2020, 853,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 % таъмин карда шуд.

Далер Ҷумъа, ҳамчунин аз зиёд шудани ҷамъоварии пули барқ дар соли 2021 хабар дод, ки дар соли гузаштаи 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 (2 млрд. 728,5 млн. сомонӣ) ба маблағи 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1 % зиёд будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь