Варзишгари 19-солаи тоҷиктабори Русия Илёс Тешаев дар Чемпионати муҳорибаҳои омехтаи ҷангии Русия  дар шаҳри  Нижний Новгород чемпиони Русия ва соҳиби медали тилло шуд.

Илёсиддин Тешаев соли 2002 дар Исфараи Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ бародарзодаи сухангӯи собиқи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев, ки чанде пеш аз олам чашм пӯшид, аст. Илёс аз синни 7 то 13 дар зодгоҳаш Исфара машқ карда, баъди кӯчидани оилааш ба Русия, аз соли 2015 дар Липетск дар мактаби дар Русия машҳури Игор Воротинтсев таҳти роҳбарии мураббиёни шинохтае, чун Валерий Коростинский, Максим Сафонов ва Андрей Шишкин машқ мекунад.

Илёс Тешаев соли гузашта дар байни наврасон унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар навъи варзиши панкратион ба даст оварда, моҳи сентябри соли 2020, бо расидан ба синни 18 ба ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти байни варзишгарони бузургсол дар Ҷоми панкратиони Русия ҷои сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард.

Моҳи ноябри соли 2020 Илёс Тешаев дар Чемпионати панкратиони Русия байни ҷавонони то 19-сола дар Иркутск соҳиби медали нуқра гардид ва моҳи феврали соли 2021 дар Липетск, дар чемпионати панкратиони Ҳавзаи федералии марказии Русия дар вазни то 62 кг дар байни варзишгарони соли таваллудашон 2001-2002 медали тилло ба даст овард.

Ин варзишгари ҷавони тоҷиктабор моҳи апрели соли ҷорӣ дар чемпионати панкратиони Русия байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2001-2002 дар вазни то 66 килограм соҳиби медали нуқра шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь