Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, вазифаи худро дар ин даста тарк кард. Ба ҷойи ӯ Тоҳир Муъминов таъйин шуд. Хабари мазкурро директори дастаи “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов тасдиқ кард.

“Қарордоди роҳбарияти даста бо Раҳимов то анҷоми мавсим буд. Сабаби рафтани ӯ низ маҳз ҳамин аст. Ҳоло мо барои як мавсим бо Тоҳир Муъминов шартнома бастем”, – гуфт Ғайраталӣ Мираҳмадов, дар сӯҳбати телефонӣ.

То ин вақт, Муъминов вазифаи сармураббии дастаи “Кӯктош”-ро ба дӯш дошт. Ин даста дар Лигаи аввали Тоҷикистон бозӣ мекунад. Айни ҳол, маълум нест, ба вазифаи сармураббии дастаи “Кӯктош” кӣ таъйин мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки Зайниддин Раҳимов 21 октябри соли гузашта ба ин вазифа таъйин шуда буд. Ӯ Боир Эгамбердиевро иваз кард. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мавсими гузаштаро бо ишғоли зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олӣ ба анҷом расонд. Ин тим имкон дорад дар Ҷоми Канфедерасияи футболи Осиё бозӣ кунад.

Давлати Абдулло 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь