Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди  20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифти шудаанд, ки аз он се ададаш бо 50 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.

Маҳмуродзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, гуфт, дар доираи эълон шудани солҳои рушди саноат ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун тасмим гирифтааст, ки шумораи корхонаҳои саноатиро 20 адад зиёд кунад.

Номбурда афзуд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз 20 корхонаи ба нақша гирифташуда се адади он  – ҶДММ “Тахор Тоҷикистон плас”, самти фаъолияташ  истеҳсоли қуттиҳои плостикӣ барои меваҷот бо 10 ҷойи нави корӣ,  ҶДММ “Панелҳои офтобӣ”  бо таъсиси  25 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо 6 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ӯ иттилоъ дод, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 70,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, суръати афзоиш бошад 122,1 дарсадро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь