Аз имрӯз ба баъд мизоҷони «Тоҷиксодиротбонк», ки корти плостикии филиалҳои минтақавии бонки мазкурро доранд, наметавонанд аз банкоматҳои Тоҷиксодиротбонк дар пойтахт маблағ гиранд. Дар ин бора соати 12:30-и имрӯз муҳофизи бинои асосии «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Душанбе ба мизоҷони ҷамъомада ва норозии назди банкомат хабар додааст.

«Баъд аз навбатпоии зиёд, вақте маълум шуд, ки банкомат ба мардум интихобан пул медиҳад ва мо як гурӯҳ натавонистем аз банкомати офиси асосии Тоҷиксодиотбонк пасандози пулии худро ба даст орем, ба мухофизи он муроҷиат кардем. Мавсуф иброз дошт, ки шумо метавонед танҳо аз филиале пул бигиред, ки онҷо пасандоз доред. Дар ин бора дастури роҳбарияти бонк ба имзо расидааст ва аз 4-уми декабр ба ин тараф кортҳои филиалҳои минтақавӣ боздошта шудаанд. Аз ҳама аҷиб он аст, ки банкоматҳои минтақавӣ холиянд ва ҳама умеди мизоҷон маҳз ба банкоматҳои шаҳри Душанбе нигаронида шуда буд», – иброз дошт фаъоли ҷомеаи иҷтимоӣ Холиқназар Ҷумъаев, ки мизоҷи ин бонк будааст.

Бояд гуфт, ки қаблан низ чунин дастур аввали тобистон содир шуда, норизигии зиёди муштариёнро дар минтақаҳо ба вуҷуд оварда буд, вале ду моҳ пеш ин дастур бекор карда шуда, тибқи муқарарроти нав ҳар моҳ новобаста ба чӣ қадар пасандоз доштан ба ҳар муштарӣ иҷозат дода шуда буд, ки аз дилхоҳ банкомат дар як рӯз 200 сомонӣ ва дар як моҳ то 2000 сомонӣ пасандози худро аз банкоматҳои пойтахт бигирад. Алҳол касе сабаби боздоштани фаъолияти кортҳои пластикии филаиалҳоро дар Душанбе шарҳ надодааст, вале коршиносон бар он андешаанд, ки сабаби асосӣ дар он аст, ки вазъи молии Тоҷиксодиротбонк боз рӯ ба мушкилӣ овардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь