Федератсияи байналхалқии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) 14-уми сентябр рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар он дар зинаи 140-ум қарор дорад.

Футболи Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳи гузашта 11 зина пешрафт кардааст ва дар ҳисоби худ 213 имтиёз дорад. Дастаи футболи кишвари мо дар байни дастаҳои осиёӣ дар зинаи 25-ум аст.

Моҳи октябр шогирдони Ҳаким Фузайлов дар шаҳри Ҳисор ду вохӯрӣ баргузор мекунанд. Дар аввали моҳи оянда футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби футболи Афғонистон вохӯрии дӯстона доир мекунад. 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор вохӯрии ҷавобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Непал дар назар аст.

Рейтинги навабатии FIFA 16-уми октябр нашр хоҳад шуд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь