Тоҷикистон аз рӯи  рейтинги ҷаҳонии хайрияи World Giving Indоex 2017 ҷойи 50-умро ишғол кард, ки аз тарафи ширкати Charities Aid Foundation (CAF) нашр шудааст. Дар рейтинги мазкур 139 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита бо хайрия  Тоҷикистон дар ҷойи дуюм ҷойгир буда,  Ӯзбекистон  ҷои 38-умро ишғол намуд. Туркманистон дар ҷойи 69-ум, Қирғизистон ҷои 85 ва Қазоқистон  дар ҷои 87-ум ҷой гирифтаанд.

Мянмар дар ин рейтинг якум аст, ки 91% аҳолии ин кишвар мунтазам ба хайрия машғул будаанд. Ҷои дуюмро Индонезия, сеюмро Кения, чорумро Зеландияи Нав ва панҷумро ИМА ишғол кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь